Ссылки доступа

Кофтукоби биноҳои порлумони Аврупо дар Брюссел ва Страсбург


Пулис дар доираи парвандаи пеш бурдани таблиғоти Русия биноҳои порлумони Аврупоро дар Брюссел ва Страсбург бозҷӯӣ кардааст. Хонаи як корманди порлумон дар Брюссел ҳам кофтукоб шудааст.

Ҷойи кор ва хонаи Гийом Прадур, ёвари вакил аз Ҳолланд Марсел де Графф бозҷӯӣ шудааст. Ӯ қаблан ҳамчун ёвари Максимилиан Кра, вакили ҳизби "Алтернатива барои Олмон" ҳам кор кардааст.

Додситонии Белгия дар баёнияи худ гуфтааст, шахсе, ки манзили ӯ бозҷӯӣ шуд, дар иртиботи вакилони порлумони Аврупо бо расонаи "Садои Аврупо", ки Иттиҳодияи Аврупо онро барои паҳн кардани хабарҳои Кремл ва маълумоти бардурӯғ дар бораи рӯйдодҳои Украина таҳрим кардааст, метавонад нақши калидӣ дшта бошад.

Де Грааф дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишта, ки ёвари ӯро аз бозҷӯӣ касе огаҳ накардааст ва пулис ҳам бо ӯ тамос нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, муфаттишон дар арафаи интихоботи порлумони Аврупо "Алтернатива барои Олмон"-ро таъқиб мекунанд.

Дар "Садои Аврупо" иддаои мақомоти аврупоиро рад карда, таҳримҳо алайҳи худро нақзи озодии баён номиданд.

XS
SM
MD
LG