Капаров навиштааст, ки 5 моҳ мешавад ӯро ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳ нигаҳ медоранд ва дар ин муддат боре ӯро барои гузаронидани чораҳои тафтишотӣ даъват накардаанд.
Ба гуфтаи Капаров, зидди ӯ барои нашри як видео дар саҳифаҳои тарҳи "Temirov LIVE" ва "Айт, Айт десе" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳоле ки вай аз соли гузашта ба ин сӯ дар ин расонаҳо кор намекунад.
"Маро на барои он видео, ки ба он ҳеч иртиботе надорам, балки барои фаъолияти рӯзноманигориям таъқиб мекунанд. Барои он таъқиб мекунанд, ки мансабдорон ва вакилони порлумонро водор ба пардохти ҷарима кардем. Барои он мехоҳанд зиндонӣ кунанд, ки нақшаи фасодкории мансабдоронро дар кишвар ошкор кардем", - навиштааст Капаров дар номааш, ки нусхаи он дастраси бахши қирғизии Радиои Озодӣ низ шуд.
Рӯзноманигори боздоштшуда ҳамчунин афзуда, ки дар эътироз ба ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ шуданаш дар боздоштгоҳ раги дасти худро буридааст. Дар коғази нома осори хун дида мешавад ва вазъи сиҳатии рӯзноманигор дар ҳоли ҳозир маълум нест.
Актилек Капаров яке аз 11 рӯзноманигоре аст, ки Додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон 17 январи имсол онҳоро ба ҳабс гирифт.
Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.