Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз аввали сол 26 кас барои тундгароӣ зиндонӣ шудааст


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 29 май раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Ермек Сагимбоевро ба ҳузур пазируфтааст.

Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон иттилоъ дода, ки Сагимбоев дар бораи кори хадамоти махсуси ин кишвар дар 5 моҳи соли равон ба президент ҳисобот додааст.

Ба гуфтаи Ермек Сагимбоев, кормандони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз аввали сол то ба ҳол аз ду ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кардаанд. Аз ҷумла, яке аз ҳамлаҳо дар берун аз Қазоқистон дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ пешгирӣ шудааст.

Додгоҳҳои Қазоқистон 26 касро барои фаъолиятҳои ифротгароӣ маҳкум ба зиндон карда, зидди 22 тани дигар тафтишот идома дорад.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфтааст, 139 шаҳрванди хориҷиро ба кишвар роҳ надоданд ва 280 тани дигарро ба далели доштани "назарҳои ифротӣ" ронданд.

XS
SM
MD
LG