Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон таҳқиқоти "OCCRP"-ро туҳмат номиданд


Мақомоти Қирғизистон таҳқиқоти муштараки тарҳи "Temirov LIVE", нашрияи "Клооп" ва Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP)-ро дар бораи як қатор тарҳҳои бузурги сохтмонӣ дар он кишвар шарҳ доданд.

Рӯзноманигорон дар таҳқиқоти худ дар бораи 11 тарҳи сохтмоние навиштанд, ки мақомоти Қирғизистон онҳоро иҷро мекунанд. Ба иттилои рӯзноманигорон, маблағи умумии 6 тарҳ 137 миллион долларро ташкил медиҳад. Арзиши тарҳҳои боқӣ маълум нест.

Рӯзноманигорон мегӯянд, иҷрои тарҳҳо ба 5 ширкате бовар карда шудааст, ки бо ҳам робита доранд ва моликону раҳбарони ин ширкатҳо шахсони наздик ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва сардори Идораи умури президент Канибек Туманбоев мебошанд.

Сардори шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дайирбек Орунбеков дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқот бо ҳадафи туҳмат ва "сиёҳ" кардан анҷом шудааст.

Иҷрои тарҳҳои бузурги сохтмонӣ, ки дар таҳқиқот зикр шудаанд, давоми се соли ахир оғоз шуда, баъзе аз онҳо дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG