Масъулони беморхонаи вилоятии Оқтеппа хабар доданд, ки шаби 28 май 9 кас бо захми тиру корд ба беморхона интиқол дода шудааст. Ҳамаи онҳо ҷавонони 18-22-сола ҳастанд.
"Мутаассифона, талошҳои табибон барои наҷоти яке аз ҷавонон бенатиҷа анҷом ёфт. Бемор 18 сол дошт ва ба ҳуш наомада, ҷон бохт", - изҳор доштааст табиби беморхона Жасулан Урумбаев.
Пулиси Оқтеппа хабар дода, ки дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Куштор"-у "Авбошӣ" парванда боз ва чаҳор ҷавони 18-22-сола дастгир шудааст.