Сардори Хадамоти тафтишоти дохилии вазорат Жолболду Кочконов 27 май дар як ҷаласа натиҷаи тафтиши ҳаводиси мазкурро эълом кардааст.
"Бо қарори коллегияи вазорат 20 корманди пулис ҷазои интизомӣ гирифтанд. Аз ҷумла 10 корманди пулиси ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек бо шумули сардорашон аз мақом барканор шуданд", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии вазорат.
Дар пайи нашри видеои занозании 13 май гурӯҳе аз сокинони Бишкек шаби 17 май алайҳи донишҷӯёни хориҷӣ эътироз карданд ва ба хобгоҳи онҳо ҳамла карданд. Эътирозгарон иддао доштанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ шаби 13 май чанд сокини маҳалиро латукӯб кардаанд.
Мақомоти Покистон гуфтанд, ки Қирғизистон барои шаҳрвандонашон амн нест. Шаби 18-уми май 180 шаҳрванди Покистон дар як парвози чартерӣ Қирғизистонро тарк карданд.