Ссылки доступа

Мансабдорони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ба порагирӣ муттаҳам мешаванд


Тафтиши парвандаи раиси Кумитаи оташнишонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, раҳбарони ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Чимкент ва вилояти Жетисуи ин кишвар ба поён расидааст.

Хадамоти мубориза бо фасоди Қазоқистон 28 май иттилоъ дод, ки парвандаро ба додгоҳ фиристодааст.

Мансабдорони баландпояи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ба он гумонбар мешаванд, ки пайваста аз соҳибкорон пора гирифтаанд ва ҳаҷми умумии ришваи гирифтаи онҳо ба беш аз 40 миллион танга (ҳудуди 90,5 ҳазор доллар) мерасад.

Хадамоти мубориза бо фасоди Қазоқистон моҳи июли соли гузашта хабар дода буд, ки раиси Кумитаи оташнишонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар, раҳбарони ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Чимкент ва вилояти Жетисуро боздошт кардааст.

Парвандаро Додгоҳи низомии Акмолини Қазоқистон баррасӣ мекунад ва ҷузъиёти он бо баҳонаи халал ворид нашудан ифшо карда намешавад.

XS
SM
MD
LG