Ширкати "КазАвтоЖол" хабар додааст, ки садама тақрибан соати 12:40-и 27 май дар шоҳроҳи "Кокпек — Кеген — Тюп — Жаланаш" рух додааст.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ронандаи автобуси "Yutong" аз уҳдаи ҳаракат набаромадааст.
Мақомоти Алмато мегӯянд, дар дохили автобус 37 кас ҳузур дошт. Дар миёни онҳо ду сайёҳи русиягӣ низ будааст.
Дар ҳукумати Алмато феълан сабаби асосии чаппа шудани автобусро намегӯянд. Тафтишот оғоз шудааст.