Ба гуфтаи Тумонбоев, ҳамчунин ҷамъоварии санадҳо барои исботи қонуншиканиҳои Ҷеенбеков дар давраи президенти Қирғизистон буданаш идома дорад.
"Мо санадҳоро ҷамъоварӣ ва қайд мекунем, ки Ҷеенбеков ҳангоми сарвазир ва президенти Қирғизистон будан ба кадом қонуншиканиҳо даст задааст. Ҷамъоварии имзо ба зудӣ ба поён мерасад. Мо аллакай санадҳои марбут ба кумакҳои воридшуда дар давраи пандемияи соли 2020 ва садама дар маркази гармидиҳии Бишкек, ки Ҷеенбеков он замон сарвазир буд, ҷамъ кардаем", - изҳор дошт ӯ.
Оқилбек Тумонбоев пешниҳод дорад, ки Ҷеенбеков ба далели доштани робита бо Райимбек Матраимов, собиқ муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон аз мақоми президенти собиқ маҳрум карда шавад.
Қирғизистонро дар солҳои истиқлол 5 президент роҳбарӣ кардааст, аммо танҳо ду тан аз онҳо - Роза Отунбоева ва Сооронбой Ҷеенбеков - мақоми президенти собиқро доранд. Ин мақом ба онҳо дахлнопазирӣ ва имтиёзҳоеро медиҳад.
Ҷеенбеков ҷойнишини Отамбоев буд ва соли 2017 президент интихоб шуд. Вай соли 2020 дар пайи эътирозҳо баъди интихоботи порлумонӣ ихтиёран истеъфо дод.