Ссылки доступа

Кормандони пулисе, ки вазири пешини қазоқро боздошт карданд, танбеҳ гирифтанд


Ду корманди пулисе, ки дар боздошти вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон Қуандиқ Бишимбоев иштирок доштанд, танбеҳ гирифтанд.

Дар ин бора сӯхангӯи вазорат Шингис Алекешев ба хабаргузории "КазТАГ" иттилоъ додааст.

Ин ду корманди пулис ҳангоми боздошти вазири пешини қазоқ ба ӯ гуфтаанд, ки "шояд ӯ (ҳамсари вазир) шуморо асабонӣ кард".

Ин суханони кормандони пулис сабт шуда, ҳангоми баррасии парвандаи Қуандиқ Бишимбоев дар додгоҳ намоиш дода шуданд.

Дертар ВКД Қазоқистон хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса тафтишоти хидматӣ оғоз шудааст.

Қуандиқ Бишимбоев 13-уми май ба ҷурми куштани ҳамсараш Салтанат Нукенова 24 сол зиндонӣ шуд. Додрас гуфт, вазири собиқ ба “куштор бо бераҳмии махсус” ва “шиканҷа” гунаҳкор дониста шуд.

Вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистонро 11-уми ноябри соли 2023 ба гумони қатли ҳамсараш ба ҳабс гирифтанд. Ӯ ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мансаби вазирӣ расид.

XS
SM
MD
LG