Ссылки доступа

Қирғизистоние, ки занони нимаурёнро пинҳонӣ ба навор мегирифт, бозпурсӣ шудааст


Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар робита ба сабти видеоии хонаи як сокини маҳаллӣ бо дрон ё ҳавопаймои бесарнишин мардеро бозпурсӣ кардааст.

Пулиси Бишкек мегӯяд, шаби 25 май ба бахши навбатдорӣ хабар додаанд, ки марде хонаи як сокини маҳаллиро бо дрон ғайриқонунӣ ба навор мегирад.

Чанд сокини маҳаллӣ ба кормандони пулис, ки ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд, гуфтаанд, як мард тақрибан соатҳои 23-30 хонаеро, ки дар он бонувон нимбараҳна буданд, ба навор гирифтааст.

Дар робита бо ин ҳодиса бо банди "Нақзи ҳарими хусусӣ" парванда боз шуда, шаҳрванд С.Э., соли таваллудаш 1989, бозпурсӣ шудааст. С.Э.-ро ба шарти дубора ҳозир шудан озод кардаанд.

XS
SM
MD
LG