- Мардуми Дархон ба деҳа об оварданд. Сокинони як деҳаи дурдасти шимоли Тоҷикистон баъди чанд соли камобӣ, барои овардани оби ошомиданӣ аз камари кӯҳ ҳиммат бастаанд. Сокинони деҳаи Дархони ноҳияи Деваштич бо ҳашар ин корро анҷом медиҳанд. (видео)
- Бозори Рӯзвай барои мардум муҳим шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон, ки Толибонро ба расмият намешиносад, ҳар ҳафта ба гуруҳе аз сокинони ҳамсоякишвар иҷоза медиҳад, вориди чанд ноҳияи марзӣ шаванду тиҷорат кунанд. Бозорҳои наздимарзӣ ягона ҷое барои сокинони Афғонистон аст, ки метавонанд, биёянду бо ҳамсоягонашон додугирифт кунанд. (видео)
- Дар Хатлон ҷойи меваҳои таҳҷоӣ танг мешавад. Дар вилояти Хатлон бархе боғпарварон ба шинондани ниҳолҳои хориҷие пардохтанд, ки зуд бузург мешаванду ҳосил медиҳанд ва дер мепоянд. Навъҳои таҳҷоии мева ба мисли шафтолуву себу зардолу ба қавли деҳқонон агарчанд ширину болаззаттар ҳастанд, аммо бинобар набуди шароити нигаҳдорӣ зуд вайрон мешаванд.
- Зани тоҷик барои қаллобӣ паси панҷара рафт. Чанде аз сокинони Душанбе шикоят доранд, ки миллионҳо сомонии онҳоро зане бо ваъдаи тиҷорат аз худ карда барнагардондааст. Ба қавли ҷабрдидагон, онҳо бо Зулфия Рабиева ном зан тиҷорат доштанд ва дар муддати кутоҳе даҳҳо ҳазор долларашонро аз даст доданд. (видео)
- Донишмандон роҳи табобати ношунавоиро ёфтанд. Дар Бритониё тахминан ним сол баъд аз амалиёти озмоишии генетикӣ ҳисси шунавоии як кӯдак барқарор шудааст. Ӯ дигар ба истифодаи дастгоҳи таҳкими садо ниёз надорад. Табибон умедворанд, ки ин роҳи табобат ҳисси шунавоии ҳазорҳо шахси ниёзмандро барқарор карда метавонад. (видео)
- Раиси ҷумҳури Эронро ба хок супориданд. Рӯзи 23-юми май маросими бахоксупории пайкари Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, ки дар суқути чархбол ҳалок шуд, дар зодгоҳаш, шаҳри Машҳад баргузор шуд. Дар Эрон барои гиромидошти ёди президент, вазири корҳои хориҷӣ ва чанд мақомдори дигари ин кишвар, ки ба ҳалокат расиданд, мотами миллӣ эълон шуд.
- Даҳҳо нафарро дар Язгулом дастгир кардаанд. Маъмурони амниятии Тоҷикистон як ҳафта пеш гурӯҳе аз сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро дастгир кардаанд. Боздошт рӯзи 16-уми май сурат гирифта, ба иттилои дарёфтӣ, онҳо ба “омодагӣ ба харобкорӣ” гумонзад ҳастанд. (видео)
- Манижа дар бораи кӣ буданаш тарона хонд. Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия моҳи май таронаи наверо ба забони англисӣ муаррифӣ кард. Мақомот ва нажодпарастони рус ӯро барои мавқеи зиддиҷангиаш таҳрим ва аз ҳаққи ташкили консерт маҳрум кардаанд. (видео)
- Зиндонии собиқ ба ҳамтақдиронаш кор медиҳад. Дар вилояти Хатлон гуруҳе аз зиндониёне ҳастанд, ки баъди раҳоӣ аз муассисаи ислоҳӣ иқболашон баландӣ кардааст ва соҳиби коре шудаанд. Давлаталӣ Мӯъминов яке аз онҳост ва тавонистааст, баъди берун омадан аз паси панҷара ба зиндагиаш сару сомон бахшад ва ба дигарон ҳам дасти ёрӣ дароз кунад. (видео)
- Вакилони тоҷик қонуни ҷанҷолиро шарҳ доданд. Дар Тоҷикистон ҷазоро барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи кӯдакон сахттар карданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон бовар доранд, ки тағийрот дар қонун ба таълиму тарбияи ноболиғон мусоидат хоҳад кард, вале баъзе коршиносон чизи дигар мегӯянд. (видео)
- Ҳалокати президенти Эрон дар суқути чархбол. Иброҳим Раисӣ, президенти муҳофизакори тундрави Эрон, ки бисёриҳо ӯро раҳбари рӯҳонии ояндаи Эрон меномиданд, дар 63-солагӣ даргузашт. Чархболе, ки Раисӣ ва вазири корҳои хориҷӣ дар он буданд, рӯзи 19-уми май дар баландкӯҳҳои шимолу ғарби Эрон сарнагун шуд ва ҳама мусофиронаш кушта шуданд. (видео)
- Нигористон: Президенти Эрон дар натиҷаи афтодани чархбол ҷон дод. Мақомоти Эрон рӯзи 20 май эълон карданд, ки президент Иброҳим Раисӣ ва чандин мақомдори дигари ин кишвар дар натиҷаи афтодани чархбол ба ҳалокат расиданд. Амалиёти ҷустуҷӯ рӯзи 19 май, баъди аз радарҳо нопадид шудани чархбол шурӯъ шуд. (видео)
- Аз фаъолияти сиёсӣ то гушанишинӣ. Раҳматилло Зоиров кӣ буд? Маросими видоъ бо Раҳматилло Зоиров ҳуқуқдони саршинос ва раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ҳузури андаки ҳамсафон, дӯстон ва пайвандонаш сурат гирифт. Ӯ пеш аз зуҳри 18-уми майи соли 2024, дар синни 67-солагӣ бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт. (видео)
- Салом, хоҳар. Чӣ кор кунам, фиреб нахӯрам? Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз боздошти ҷавонон барои шантаж ё таҳдиду бадномсозии духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд. Аксаран ба духтарон таҳдид кардаанд, ки бо истифода аз аксу наворҳо онҳоро бадном мекунанд. Чӣ бояд кард? Чӣ тавр аз дасти рахнагарони бадкор эмин монд. (видео) -
Латукӯби донишҷӯёни хориҷӣ ва эътирози садҳо нафар дар Бишкек. Бино ба иттилои расмӣ дар пайи бетартибиҳо дар шаҳри Бишкек, шаби 18- уми май 28 нафар осеб дидаанд. Сафорати Покистон гуфт, дар ин ҳодиса 14 шаҳрвандаш осеб дидааст. Дар робита ба эътирозҳо, мақомоти Ҳиндустон ва Покистон вокуниш карда, аз донишҷӯёни худ хостанд, аз ҷойи зисташон берун нараванд. (видео)
- Дар Ҳизби демократи Тоҷикистон табаддулот карданд? Тағйири қонунии раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ё табаддулоти навбатӣ дар ин иттиҳодияи сиёсӣ? Ҳизби кам ё беш фаъоли сиёсии Тоҷикистон бо ҳузураш дар порлумон кисагӣ буд ё акнун кисагӣ мешавад? Ин як талоши худҷӯши дарунии ҳизб буд ё дахолати беруна? Баҳси Гапи Озод ин ҳафта дар ҳамин бора аст. (видео)
- Манъи идгардак. Мардуму мақомот чӣ мегӯянд? Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи як қонун идгардаки кӯдаконро манъ кард. Далели мақомот чист ва сокинон чӣ мегӯянд?
- Тоҷикистон кай аз фақирӣ халос мешавад? Global Finance дар як радабандии нав Тоҷикистонро кишвари қашшоқи Осиёи Марказӣ ва Шӯравии собиқ номид. Ин натиҷагирӣ бар пояи маълумоти Сандуқи Байнулмилалии Пул таҳия шудааст. Ин дар ҳолест, ки OCCRP санади моликияти баъзе аз мансабдорони тоҷикро дар хориҷа фош кард. (видео)