Ссылки доступа

Дар як ноҳияи Қирғизистон вазъи фавқулода эълом шуд


Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон хабар додааст, ки дар ноҳияи Оқсии вилояти Ҷалолободи ин кишвар ба далели омадани сел аз 26 май вазъи фавқулода эълом шудааст.

Манбаъ афзуда, ки дар баъзе аз маҳаллаҳои ноҳия об ба дохили хонаҳо даромада, саҳни 56 бино зери об мондааст.

Сокинони деҳаи Кезарти ноҳия дар пайи таҳдиди омадани сел ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд. Вазорат шумори беҷошудаҳоро 250 кас гуфтааст.

Қаблан дар шаҳру вилояти Ӯши Қирғизистон низ ба далели омадани сел вазъи фавқулода эълом шуда буд. Дар ҳар ду минтақа талафоти ҷонӣ низ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG