Ссылки доступа

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон иҷро шуд, вале...


Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки нақшаи давъати баҳорӣ ба артиш пеш аз муҳлат ва сад дар сад иҷро шудааст.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки нақшаи давъати баҳорӣ ба артиш пеш аз муҳлат ва сад дар сад иҷро шудааст.

Даъвати баҳории хидмат дар артиши Тоҷикистон аз аввали моҳи апрел то охири моҳи май ҷараён мегирад.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ рӯзи 24-уми май бо нашри хабарномае гуфтааст, ки ҳарчанд нақшаи даъват сад дар сад иҷро шудааст, вале комиссияҳои даъват барои баррасии муроҷиати шаҳрвандон то охири моҳи май кор мекунанд. Ӯ нагуфтааст, ки аз ин ба баъд низ ҷавонон ба артиш ҷалб хоҳанд шуд ё на.

Маъмулан, ҳамасола дар маъракаҳои даъват ба артиш шикоят аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмати сарбозӣ зиёд садо медиҳад. Бархе падару модарон имсол шикоят карда буданд, ки мақомот ба онҳо бо ҳар васила фишор меоранд, то фарзандони муҳоҷирашонро барои рафтан ба артиш аз Русия ба Тоҷикистон баргардонанд.

Вазорати дифоъ гуфтааст, ки имсол сафи ҷавононе, ки ихтиёрӣ мехостанд сарбоз шаванд, аз ҷумла донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ зиёд буд.

Бар асоси як тағйир дар қонун дар ду соли пеш танҳо ҷавононе ҳаққи кор дар ниҳодҳои қудратӣ ва интизомиро пайдо мекунанд, дар артиш хидмат карда бошанд.

Дар Тоҷикистон соле ду давра - дар баҳор ва тирамоҳ маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш сурат мегирад. Солҳост, ки ин маърака олуда ба хабари “облава” ё бо зӯр ба артиш ҷалб кардани ҷавонон мебошад.

XS
SM
MD
LG