Салим Султонзода (Салим Исобоев), сухангӯйи Паймони Миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф, рӯзи 23-юми май гуфт, ин замин ҳанӯз соли 2008 бо қарор ва имзои намояндагони ҳукумат барои бунёди хона ба ӯ дода шуда буд.
Раиси Зафаробод, Зуфар Исмоилзода, дар номааш ба Додгоҳи ноҳия тасдиқ кардааст, ки воқеан замини баҳсӣ шонздаҳ сол қабл ба Салим Султонзода (Исобоев) дода шуд, вале ба иддаои ӯ "ба сабаби он ки шахси ношиносе дар онҷо хона сохтааст", ба нафъи давлат ситонда шуд. Нусхаи нома рӯзи 23-юми май дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Султонзода (Исобоев) ба Радиои Озодӣ гуфт, он "шахси ношинос" бародараш Ҳалим Исобоев аст: "То замони кӯчидан ба Аврупо дар манзили волидонам будам. Дар замини ман барои додарам хона сохтем ва ӯ ҳамроҳи зану фарзандонаш дар онҷо мезист. Давоми 14 соли охир. Ҳоло ҳукумат қарори пешинаи худро ғайриқонунӣ дониста, замини маро ба зӯр кашида гирифтанист."
Ин намояндаи мухолифон мегӯяд, ҳангоми дар Тоҷикистон буданаш пойдевори хонаро гузошта буданд ва онро ба таври шифоҳӣ ба додараш ҳадя дод. "Ҳоло мақомот мегӯянд, санаде нест. Агар ҳуҷҷат ҳам мешуд, вақте қарори аввалро бекор карданд, санади ҳадя будани хонаро ҳам зуд аз байн мебурданд. Ин тасмим ангезаи сиёсӣ дорад, на ҳуқуқӣ. Фишор аст, то фаъолияти сиёсиро канор гузорам. Ва ҳам тарсондани мухолифону норозиёни дигар," – илова кард Салим Султонзода (Исобоев).
Зуфар Исмоилзода, раиси ноҳияи Зафаробод, дар номааш ба Додгоҳ гуфтааст, қарори додани замин ба Салим Исобоев ба сабаби ғайриқонунӣ буданаш ҳанӯз моҳи майи имсол бекор карда шуд. Вай хостааст, Ҳалим Исобоев, бародари Салим Султонзода (Исобоев) ва зану ду фарзандаш хонаро тарк кунанд ва дар иваз ба онҳо манзили дигаре дода нахоҳад шуд. Раиси ноҳия ин чор нафарро ба "худсарона ишғол кардани замин" муттаҳам кардааст.
"Аз тарафи мақомоти ноҳияи Зафаробод ҷавобгарон чанд маротиба огоҳ карда шудаанд, ки манзилро холӣ кунанд, аммо онҳо саркашӣ карда истодаанд, ки маҷбур шудем ба Суд муроҷиат кунем," – навиштааст ӯ.
Салим Султонзода (Исобоев) пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони ҳукумати Зафарободро танқид мекунад. Ӯ дар Фаронса паноҳанда аст.
“Freedom For Eurasia”, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 22-юми май дар изҳороте дар робита ба қазияи Салим Султонзода (Исобоев) ҳукумати Тоҷикистонро барои таъқиби фаромиллии мухолифон ва кашида гирифтани моликияти онҳо дар дохили ҷумҳурӣ танқид кард.
Ин созмон дар изҳороташ аз мушкили ҳомии ҳуқуқ ва фаъоли сиёсӣ Бахтиёр Сафаров ва намояндаи мухолифон Фарҳод Одинаев ёд оварда, гуфтааст, ба ҳарду маҳрумӣ аз моликият дар Тоҷикистон таҳдид мекунад. Масъулони созмон рӯзи 22-юми май аз ҳукуматҳои демократӣ даъват кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон ва зери по кардани қонун дар чанд даҳаи охир ба ҷавобгарӣ кашанд.