Ссылки доступа

Путин бо сафари давлатии дурӯза ба Узбекистон меравад


Президенти Русия Владимир Путин рӯзҳои 26-27 май сафари давлатиеро ба Узбекистон анҷом медиҳад.

Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хабар дод, ки Путин имрӯзу фардо бо сафари давлатӣ дар Белорус ва рӯзҳои якшанбею душанбе дар Узбекистон хоҳад буд.

Қаблан хадамоти матбуотии Кремл хабар дода буд, ки раисҷумҳури Русия 21 май дар суҳбат бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев сафари худро ба шаҳри Тошканд баррасӣ кард.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон ҳам тасдиқ кард, ки Мирзиёев бо ҳамтои русаш телефонӣ суҳбат кардааст. Аммо дар иттилоия дар бораи сафари давлатии Путин чизе гуфта нашудааст.

Хадамот танҳо гуфт, «ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Тошканду Маскав, таҳкими муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегиву ҳампаймонӣ ва рафти иҷрои созишҳои ҳосилшударо баррасӣ карданд».

XS
SM
MD
LG