Ссылки доступа

Дар Қирғизистон як мард бо гумони таҷовузи духтари 15-сола боздошт шудааст


Як мард дар ноҳияи Чингиз Айтматови вилояти Таласи Қирғизистон бо гумони таҷовузи духтари 15-сола дастгир шудааст.

Дар хадамоти матбуотии пулиси Талас ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, омӯзгорони мактаб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додаанд, ки хонандаи онҳо ҳомиладор аст. Модари духтар ҳам баъди шунидани ин хабар ба ниҳодҳои дахлдор шикоят кардааст.

Дар натиҷаи санҷиш маълум шудааст, ки хонанда дар ҳафтаи 26-уми ҳомиладорӣ қарор дорад. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Таҷовуз ба номус" парванда боз ва марди 31-солае ҳамчун гумонбар дастгир шудааст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ахиран қонуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ин кишварро имзо кард, ки барои муттаҳамони таҷовузи ноболиғон ҷазои сангинтар пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG