Ссылки доступа

Як ҳамҷинсгаро гуфтааст, дар Узбекистон “азоби ҷаҳаннам” дорад (видео)


Трансгендеры в Узбекистане: Жизнь для нас в этой стране – настоящая «адская мука»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:11:52 0:00

Як ҳамҷинсгаро аз Узбекистон бо номи Азиза дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ шикоят кардааст, ки зиндагӣ барояш дар ин кишвар ба “азоби ҷаҳаннам”-и воқеӣ табдил ёфтааст.

Азиза, ки номаш дар шиноснма Азиз аст, 23 сол дорад. Вай писар таваллуд шудааст, вале аз хурдӣ худро зан муаррифӣ мекунад.

Ба гуфтаи Азиза, ӯ дар ҷойҳои ҷамъиятии Узбекистон маҷбур аст, ки либоси мардона пӯшад, зеро тибқи ҳуҷҷат, вай мард аст.

"Агар ҳамҷинсгароҳо ба дасти пулис афтанд, бо онҳо дар шуъба муносибати бад мекунанд. Моро таҳқир карда, ба навор мегиранд ва ба гуруҳҳои ҳамкоронашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мефиристанд. Наворҳо аз онҷо дастраси блогерон ва паҳн мешаванд", - изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ.

Вай шикоят кардааст, ки гӯиё ҳамҷинсгароҳоро дар Узбекистон одам ҳисоб намекунанд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Узбекистон дар шароити таъқиби доимӣ, таҳқир, хушунати ҷисмонӣ ва ҷинсӣ ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG