Дар ин бора муовини раиси Оҷонси мониторинги молии Қазоқистон Женис Елемесов хабар дод.
Ба гуфтаи Елемесов, Боронбоев ба давлат 134,5 миллиард тангаро баргардондааст, вале ҳаҷми хисорот метавонад афзоиш ёбад, зеро тафтишот алайҳи ӯ идома дорад.
Муовини раиси Оҷонси мониторинги молии Қазоқистон шартан озод шудани Боронбоевро ба он рабт додааст, ки ӯ хисороти муайяншударо пурра ҷуброн кардааст.
Додоҳи шаҳри Остона 31 марти имсол Боронбоевро бо мусодираи амвол ба 8 соли зиндон маҳкум карда буд. Вале дертар ӯ шартан аз зиндон озод шуд.
Дар иттилоияи додгоҳи Қазоқистон гуфта шуд, ки ҳангоми тағйири ҳукми Боронбоев чандин омил, аз ҷумла, адо шудани сеяки муҳлати ҷазо, ҷуброни зарар ба давлат, ҳамкорӣ дар рафти тафтишот, пушаймонӣ ва рафтори муносиб дар маҳбас ба назар гирифта шудааст.
Боронбоев тоҷири маъруфи қазоқ аст, ки намояндагии McDonald's-ро дар Қазоқистон роҳбарӣ мекард. Ӯ дар гузашта дар бахши гази кишвар фаъолият мекард ва духтараш ҳамсари Ойсултон Назарбоев - набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буд.