Ссылки доступа

Ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марзи Туркманистон бо Узбекистон


Ронандагони мошинҳои боркаш аз Туркманистон мегӯянд, аз миёнаҳои моҳи апрели имсол раводидеро, ки барои гузаштан аз марзи ин кишвар бо Узбекистон лозим аст, наметавонанд дарёфт кунанд.

Расонаи «LogiStan» иттилоъ додааст, ки мақомоти Узбекистон ба ронандагони туркманистонӣ раводиди мазкурро намедиҳанд. Дар натиҷа дар назди гузаргоҳҳои марзии Туркманистон бо Узбекистон мошинҳои боркаш ҷамъ шудааст.

Манбаъҳои «LogiStan» дар Тошканд гуфтаанд, ки мақомоти Узбекистон аз фароҳам нашудани шароити баробар барои ронандагони узбекистонӣ ва туркманистонӣ норозӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони расона, ронандагони Узбекистон барои таҳияи санадҳои лозимӣ дар Туркманистон $700 — $900 ва туркманистониҳо дар Узбекистон $200 харҷ мекунанд.

Ҳамчунин ронандагони узбекистонӣ раводиди Туркманистонро дар муҳлати аз 20 то 40 рӯз ва туркманистониҳо визаи Узбекистонро дар 3 рӯз дарёфт мекардаанд.

XS
SM
MD
LG