Дар ин бора мудири боғи ҳайвоноти шаҳри Прага Мирослав Бобек дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук хабар додааст.
Ба гуфтаи Бобек, масъулони боғи ҳайвоноти Алмато 22 май хабар додаанд, ки хирси сафед Том 4 май фавтидааст. Дар номаи масъулони боғи ҳайвоноти Алмато гуфта шудааст, ки хирс пеш аз интиқол ба Қазоқистон бемор будааст.
Мирослав Бобек ин иддаоро рад карда, дар номаи ҷавобии худ гуфтааст, ки хирс ҳангоми интиқол ба Қазоқистон комилан сиҳат буд. Ҳамчунин масъулони боғи ҳайвоноти Алмато 15 апрел дар пайи санҷиши сиҳатии хирс ба ҳамтоёни худ дар Прага хабар дода буданд, ки Том сиҳат аст.
Хирси сафед соли 2007 дар шаҳри Брнои Чехия ба дунё омада буд ва бештари умраш, 15 солро дар боғи ҳайвоноти Прага сипарӣ кардааст.