Ссылки доступа

Баррасии парвандаи Думан Муҳаммадкарим дубора оғоз шуд


Додгоҳи шаҳри Конаеви Қазоқистон 22 май баррасии парвандаи рӯзноманигор Думан Муҳаммадкаримро, ки бо гумони "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" боздошт шудааст, дубора оғоз кард.

Баррасии парванда моҳи феврали имсол, баъди шикояти рӯзноманигор, ки гуфт, бо ӯ муносибати бераҳмона мекунанд, ба хотири санҷиш боз дошта шуда буд.

Ба гуфтаи вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов, парвандаи шиканҷаи шахси зери ҳимояаш ба хотири "набудани далел" қатъ карда шуд. Ӯ афзуд, ки рӯзҳои наздик аз болои ин қарор шикоят мекунад.

Даҳҳо ҷонибдори рӯзноманигор 22 май дар назди бинои додгоҳи Конаев ҷамъ шуда, озодии рӯзноманигорро талаб карданд.

Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳасб қарор дорад. Ӯро дар "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъди он нисбати вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод. Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.

XS
SM
MD
LG