Ссылки доступа

Фаъоли мадании қазоқ баъди гуфтани камбудии мақомот 15 рӯз ҳабс шуд


Канат Бимирзоев
Канат Бимирзоев

Додгоҳе дар вилояти Атирауи Қазоқистон фаъоли маданӣ аз шаҳри Кулсарии ин кишвар Канат Бимирзоеви 39-соларо 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.

Тибқи қарор, ки 20 май содир шудааст, Бимирзоев 8 сол аз ҳаққи ронандагӣ низ маҳрум шудааст.

Кормандони пулис рӯзи душанбе мошини Бимирзоевро дар Атирау боз доштаанд ва гӯиё фаъоли маданӣ ба талаби онҳо, ки бояд аз санҷиши тиббӣ гузарад, ҷавоби рад додааст.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки ҷавоби радди ронанда дар ҳолати мастӣ идора шудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ӯро исбот кард.

Вакили дифои фаъоли маданӣ Айбар Қосимбоев гуфт, зерҳимояи ӯ иддаои пулисро рад мекунад ва омода буд, ки аз ташхиси судӣ-тиббӣ гузарад.

Сокинони Кулсарӣ бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ раҳоии фаъоли маданиро талаб карданд. Дар Раёсати пулиси Атирау гуфтанд, ки боздошти Бимирзоев ба тазоҳуроти сокинони Кулсарӣ рабте надорад.

Бимирзоев моҳи апрели соли равон баъди таҷаммуи сокинони Кулсарӣ дар пайи обхезиҳо гуфта буд, ки мақомот барои пешгирӣ аз офати табиӣ дар мавсимӣ баҳорӣ дар вилояти Ҷамбил тадбирҳои заруриро наандешиданд. Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки ҳангоми таъйини ҷуброн бояд нархи бозорҳо ба инобат гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG