Ссылки доступа

Арзиши визаи Шенген 12% гарон мешавад


Арзиши раводид (виза)-и кутоҳмуддати Шенген дар саросари ҷаҳон 12% афзоиш меёбад.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словения хабар дода, ки қоидаи нав аз 11 июни соли равон ба иҷро медарояд.

Бар асоси нархномаи нав, арзиши раводиди Шенген барои калонсолон 90 евро ва барои кудакони аз 6 то 12-сола 45 евро хоҳад буд. Раводид барои кудакони то 6-сола ройгон мемонад.

Дар ҳоли ҳозир арзиши визаи Шенген барои калонсолон 80 евро ва барои кудакони аз 6 то 12-сола 40 евроро ташкил медиҳад.

Комиссияи Аврупо дар се сол як бор нархи визаро бо назардошти таваррум ва маоши миёна дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бозбинӣ мекунад

XS
SM
MD
LG