Ссылки доступа

Дар Узбекистон мудири мактаб як хонандаро барои бастани рӯймол латтукӯб кардааст (видео)


Мудири мактаби омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ноҳияи Бувайдаи вилояти Фарғонаи Узбекистон як хондаи синфи 7-умро барои бастани рӯймол латтукӯб кардааст.

Ҳодиса 17 май рух додааст. Падари хонанда дар суҳбат бо хабаргузории "Kun.uz" гуфтааст, духтараш дигар намехоҳад ба дарс равад.

Дар дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон гуфтанд, он рӯз духтари 14-сола Н. М. дар дарси риёзиёт бо ҳамсабақаш Х. Х. ҷанҷол мекунад ва вақте мудири мактаб ба дарс медарояд, омӯзгор хабари ҷанҷоли хонандагонро ба ӯ мерасонад.

Мудири мактаб К. Р. аз хонанда мепурсад, ки чаро бо ҳамабақаш ҷанҷол карда ва рӯймоли мазҳабӣ бастааст. Ӯ аз хонанда талаб мекунад, ки рӯймолашро бигирад. Вале хонанда рад мекунад ва дар натиҷа латтукӯб шуда, осеб мебинад.

Пулиси Бувайда тафтиши ҳодисаро шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG