Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъ дода, ки гумонбари боздоштшуда шаби ҳодиса одамонро ба маҳалли зисти донишҷӯёни хориҷӣ бурдааст.
Дар натиҷаи санҷиши сабти дурбинҳои назоратӣ маълум шудааст, ки чаҳор ҳамлагар соати 4-и субҳи 18 май тавассути микроавтобуси "Мерседес-Бенс Спринтер" ба назди хобгоҳи донишҷӯён рафтаанд. Мошинро сокини ноҳияи Иссиқкӯл, соли таваллудаш 1999 идора мекардааст.
Ба иттилои пулис, гумонбар дар шаҳри Бишкек зиндагӣ ва дар корхонаи мебелсозӣ кор мекардааст.
Дар пайи нашри видеои занозании 13 май дар ҳостел гурӯҳе аз сокинони Бишкек шаби 17 май алайҳи донишҷӯёни хориҷӣ эътироз карданд ва ба хобгоҳи онҳо ҳамла карданд. Эътирозгарон иддао доштанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ шаби 13 май чанд сокини маҳалиро латукӯб кардаанд.
Мақомоти Покистон гуфтанд, ки Қирғизистон барои шаҳрвандонашон амн нест. Шаби 18-уми май 180 шаҳрванди Покистон дар як парвози чартерӣ Қирғизистонро тарк карданд.