Ссылки доступа

Даҳҳо нафткаши қазоқ талаб доранд, ба маҳалли корашон баргардонида шаванд


Даҳҳо корманди ширкати нафти "Жалгизтобемунай" аз 15 май ба ин сӯ дар даромадгоҳи кони Жалгизтобеи вилояти Манғистауи Қазоқистон тазоҳурот мекунанд.

Яке аз кормандони ширкат ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ҷамъан беш аз 40 ҳамкори ӯ эътироз доранд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, раҳбарияти ширкат 15 май онҳоро ғайриқонунӣ аз кор рондааст. Кормандон аз раҳбарияти худ талаб кардаанд, ки қарори худро бекор карда, ба онҳо иҷозат диҳад, ки бидуни таъқиб кори худро идома диҳанд.

Эътирозгарон ҳамчунин талаб мекунанд, ки ширкат бо кормандони худ шартнома ба имзо расонад ва аз ниҳодҳои дахлдори Қазоқистон низ талаб мешавад, ки фаъолияти "Жалгизтобемунай" санҷида шавад.

Тазоҳургарон мегӯянд, то талабҳояш иҷро нашавад, пароканда нахоҳанд шуд.

Онҳо қаблан ба унвонии президент, вазоратҳои бехетарии саноатӣ ва ҳолатҳои изтирории Қазоқистон муроҷиатномаи видеоиеро нашр карда буданд.

Раҳбарияти "Жалгизтобемунай" то ҳол тазоҳуроти кормандонашро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG