Ссылки доступа

Дар Ҳизби демократи Тоҷикистон табаддулот карданд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Аз фаъолияти сиёсӣ то гушанишинӣ. Раҳматилло Зоиров кӣ буд? Маросими видоъ бо Раҳматилло Зоиров ҳуқуқдони саршинос ва раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ҳузури андаки ҳамсафон, дӯстон ва пайвандонаш сурат гирифт. Ӯ пеш аз зуҳри 18-уми майи соли 2024, дар синни 67-солагӣ бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт. (видео)

- Салом, хоҳар. Чӣ кор кунам, фиреб нахӯрам? Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз боздошти ҷавонон барои шантаж ё таҳдиду бадномсозии духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд. Аксаран ба духтарон таҳдид кардаанд, ки бо истифода аз аксу наворҳо онҳоро бадном мекунанд. Чӣ бояд кард? Чӣ тавр аз дасти рахнагарони бадкор эмин монд. (видео) -

Латукӯби донишҷӯёни хориҷӣ ва эътирози садҳо нафар дар Бишкек. Бино ба иттилои расмӣ дар пайи бетартибиҳо дар шаҳри Бишкек, шаби 18- уми май 28 нафар осеб дидаанд. Сафорати Покистон гуфт, дар ин ҳодиса 14 шаҳрвандаш осеб дидааст. Дар робита ба эътирозҳо, мақомоти Ҳиндустон ва Покистон вокуниш карда, аз донишҷӯёни худ хостанд, аз ҷойи зисташон берун нараванд. (видео)

- Дар Ҳизби демократи Тоҷикистон табаддулот карданд? Тағйири қонунии раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ё табаддулоти навбатӣ дар ин иттиҳодияи сиёсӣ? Ҳизби кам ё беш фаъоли сиёсии Тоҷикистон бо ҳузураш дар порлумон кисагӣ буд ё акнун кисагӣ мешавад? Ин як талоши худҷӯши дарунии ҳизб буд ё дахолати беруна? Баҳси Гапи Озод ин ҳафта дар ҳамин бора аст. (видео)

- Манъи идгардак. Мардуму мақомот чӣ мегӯянд? Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи як қонун идгардаки кӯдаконро манъ кард. Далели мақомот чист ва сокинон чӣ мегӯянд?

- Тоҷикистон кай аз фақирӣ халос мешавад? Global Finance дар як радабандии нав Тоҷикистонро кишвари қашшоқи Осиёи Марказӣ ва Шӯравии собиқ номид. Ин натиҷагирӣ бар пояи маълумоти Сандуқи Байнулмилалии Пул таҳия шудааст. Ин дар ҳолест, ки OCCRP санади моликияти баъзе аз мансабдорони тоҷикро дар хориҷа фош кард. (видео)

- Сокинони Қалъаи Дӯст бо пули худ беморхона месозанд. Пас аз чанд соли саргардонӣ ва ҷустуҷӯи пизишку табобат дар минтақаҳои дигар, сокинони як деҳаи дурдасти Тоҷикистон азм кардаанд, ки худашон беморхона созанд. Ҳоло бунёди зоишгоҳ ва шифохонаи наврасон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич шуруъ шудааст. (гулчин)

- Таҳияи як қонуни нав дар Тоҷикистон. Мушкилӣ аз байн меравад? Вакилони порлумон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон рӯзи 14-уми май тарҳи қонунро "Дар бораи воситаҳои ахбори омма" баррасӣ карданд. Гуфта шуд, ин қонуни комиле хоҳад буд, ки бар пояи таҷрибаҳои пешрафта ва хулосаҳои коршиносони байнулмилалӣ кори расонаҳоро дар кишвар танзим хоҳад кард. (видео)

- Таҳдиди селу тарма ва фурӯравии замин ба 72 ҳазор оила. Зиёда аз ҳазору дусад минтақа дар Тоҷикистон зери хатари офатҳои табиӣ эълон шуданд. Ба онҳо селу баҳман ё тарма, ярчу сангрез ва фурӯравии замин таҳдид мекунад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG