Дар ҳукумати ноҳияи Бодканд рӯзи 20 май гуфтанд, ки вохӯрии ҷонибҳо дар деҳаи Оқсой сурат гирифтааст.
Шаҳрдори Исфара ва раиси Бодканд дар ҷараёни мулоқот ба созиш расидаанд, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар пурзӯр ва барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои гуногун дар минтақаҳо марзӣ, ба хусус дар робита ба баргузории занги охир дар мактабҳо патрулҳои махсус ташкил карда шавад.
Дар мулоқот намояндагони ниҳодҳои қудратии ду ҷониб низ ҳузур доштаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 900 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст.
Мардуми ду сӯи марз борҳо барои обу замин ва чарогоҳ бо ҳам ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд.