Ссылки доступа

Як мансабдори собиқи қазоқ бо ҷурми пешниҳоди пора беш аз 8 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон Мақсуд Исахов, муовини пешини раиси ин шаҳрро, ки бо гумони фасодкорӣ боздошт шуда буд, 8 солу 5 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Муовини шаҳрдори Чимкент ба кушиши додани пора дар ҳаҷми махсусан калон гунаҳкор дониста шудааст. Худи Исахов моҳи марти соли равон дар додгоҳ гуфта буд, ки худро бегуноҳ меҳисобад ва дар ҷараёни тафтишот ба ӯ фишор овардаанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, Исахов гӯиё ба муовини аввали сардори департаменти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар Чимкент бар ивази қатъи парвандаи ҷиноие беш аз 200 ҳазор доллар пешниҳод кардааст.

Вакилони дифои Исахов гуфтанд, ки парванда алайҳи шахси зери ҳимояи онҳо сохта аст ва дар амали муовини шаҳрдори Чимкент таркиби ҷинояте вуҷуд надорад.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 20 июли соли 2023 аз боздошти Мақсуд Исахов хабар дода буд. Ба иттилои мақомот, ин мансабдорро "ҳангоми ҳамоҳангсозии фасодкорӣ" боздошт кардаанд.

Мақсуд Исахови 49-сола моҳи феврали соли 2020 муовини шаҳрдори Чимкент таъйин шуда буд. Ӯ дар гузашта ду сол дар маъмурияти президенти Қазоқистон низ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG