Ссылки доступа

Фирори донишҷӯёни покистонӣ аз Қирғизистон ба Қазоқистон рад шуд


Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КАМ) 18 май гуфт, хабарҳо дар бораи омадани гуруҳи донишҷӯёни покистонӣ аз Қирғизистон ба ин кишвар ҳақиқат надоранд.

КАМ Қазоқистон хабар дода, ки баъзе аз расонаҳо навиштаанд, як гуруҳ аз донишҷӯёни покистонӣ баъди ҳодисаҳои шаҳри Бишкек фирор кардаанд.

"Гузаргоҳҳо дар марзи Қазоқистону Қирғизистон ба таври муқаррарӣ кор мекунанд ва сарҳадбонони ду кишвар дар бораи авзоъ дар шаҳри Бишкек пайваста таболуи иттилоъ мекунанд", - гуфта шудааст дар иттилоияи кумита.

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ дар Бишкек 17 май алайҳи донишҷӯёни хориҷӣ эътироз карданд ва ба хобгоҳи онҳо ҳамла намуданд. Эътирозгарон иддао доштанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ аз ин пеш чанд сокини маҳалиро латукӯб кардаанд.

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки Қирғизистон барои шаҳрвандонашон амн нест ва аз рӯзи 19 то 21-уми май шаҳрвандони дигари ин кишвар Бишкекро тарк хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG