Бар асоси санадҳои ошкоршуда, Қодирови хурдӣ дар Дубай ба маблағи наздик ба 8 миллион доллари амрикоӣ амволи ғайриманқул доштааст.
Писари додситони кулли пешини Узбекистон дар маркази тиҷории "Марина Плаза"-и Дубай чаҳор коргоҳ доштааст, ки ҳар якеи онҳо аз 1.9 то 2.1 миллион доллар арзиш доранд.
Мақомот Узбекистон Қодирови хурдиро соли 2018 бо гумони "Тамаъҷӯӣ" ва "Тақаллубкорӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор доданд. Ба огаҳии Вазорати корҳои дохилии Узбекистон, ӯ тахминан як рӯз пеш аз боздошти падараш ба Москва фирор кардааст.
Рашид Қодиров 22 феврали соли 2018 боздошт ва бо ҷурми порагирӣ, тақаллуб, фирор аз пардохти андоз, дахолат ба ҷараёни тафтишот ва пулшӯӣ 15 сол зиндонӣ шудааст.