Ссылки доступа

Шумори занҳои узбекистонӣ, ки мехоҳанд модари ҷойгузин шаванд, меафзояд


Шумори занҳои узбекистонӣ дар бемористонҳои Русия ва Гурҷистон, ки хадамоти модари ҷойгузинро пешниҳод мекунанд, афзоиш меёбад.

Бахши узбекии Радиои Оздӣ навиштааст, ки бештари ин занҳо аз табақаи осебпазири иҷтимоӣ буда, чанд фарзандро ба танҳоӣ тарбия мекунанд.

Бархе аз ин занон дар суҳбат бо радио ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтаанд, аз ноилоҷӣ даст ба ин кор мезананд ва бо таваллуди як кудак онҳо метавонанд аз 13 то 25-30 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст оранд.

«Ман 29 сол дорам. Дар бораи модари ҷойгузин аз як шиносам огаҳӣ ёфтам. Дар Узбекистон ду фарзанд дорам ва онҳоро танҳо тарбия мекунам. Ба пул ниёз дорам ва аз ноилоҷӣ ба инҷо омадаам. Онҳо (волидони ояндаи кудак) моро хуб нигоҳубин мекунанд ва худашон ба назди духтур мебаранд. Доруҳоро низ худашон мехаранд», - изҳор доштааст як зани 29-сола аз Узбекистон, ки дар Тбилиси (Тифлис) барои хонаводаи хориҷие модари ҷойгузин шудааст.

Дар Узбекистон дар бораи мавзуи модари ҷойгузин озод баҳс намешавад. Баҳси мавзуи мазкур соли 2019 дар порлумони ин кишвар бенатиҷа ба поён расид.

Дар қонунгузории Узбакистон ҳам мафҳуми модари ҷойгузин вуҷуд надорад ва таваллуд кардани фарзанди каси дигар бар ивази маблағ дар ин кишвар ҳамчун “қочоқи инсон” дониста мешавад. Мазҳаби ҳанафӣ, ки дар Узбекистон аксарият аз он пайравӣ мекунанд, модари ҷойгузин шуданро мекунад.

XS
SM
MD
LG