Ссылки доступа

Ҳомии ҳуқуқ Айдар Сиздиков дар Қазоқистон боздошт шуд


Қудратиҳои Қазоқистон 16 май ҳомии ҳуқуқ Айдар Сиздиковро дар шаҳри Остона боздошт карданд.

Дар видеое, ки дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм нашр шудааст, нишон медиҳад афроди низомипӯш Сиздиковро ба як микроавтобус савор мекунанд.

Ойгул Токпаева, ҳамсари ҳомии ҳуқуқ дар видео мегӯяд, шавҳари ӯ ғайриқонунӣ дар Қазоқистон таъқиб мешавад. "Сиздиковро бидуни ҳеч далеле бо худ мебаранд. Онҳо чизеро пайдо накарданд. Барои боздошти вай низ далеле вуҷуд надорад. Ин таъқиби сиёсӣ аст", - изҳор медорад ҳамсари ҳомии ҳуқуқ дар видео.

Дар Департаменти пулиси Остона боздошти Айдар Сиздиковро нахостанд шарҳ диҳанд. Масъулони хадамоти матбуотии пулис гуфтанд, ки дар ин бора "дертар" суҳбат хоҳанд кард.

Додгоҳи Остона 2 марти соли равон Сиздиковро дар нақзи қонуни ташкили ҷамъомадҳои осоишта айбдор ва 15 рӯз ҳабс карда буд. "Тirek.info" навишта, ки Сиздиков дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолӣ ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи занон дар рӯзи 8 март ҳабс карда шудааст.

Айдар Сиздиковборҳо дар ҳамоишҳои эътирозии осоишта бо талаби озодии маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG