Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон ба порлумон пешниҳод кардааст, маҳдудияти истихроҷи уранро бекор кунад


Девони вазирони Қирғизистон бо таҳияи лоиҳаи қонуне пешниҳод кардааст, ки иктишоф ва коркарди конҳои урану торий дар он кишвар дубора иҷозат дода шавад.

Дар шарҳи пешниҳод гуфта шудааст, ки истихроҷ ва содироти маъданҳои фоиданок, аз қабили урану торий, дар сурати риояи қатъии меъёрҳои экологӣ ҳангоми коркард метавонад ба ҷузъи муҳими иқтисоди Қирғизистон табдил ёбад.

Пештар аз ин президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам гуфта буд, ки қонуни манъи коркарди конҳои уранро дар кишвараш бекор хоҳанд сохт.

Ба гуфтаи вай, дар кони Қизил-Омпол наздики 14 млн 757 ҳазор тона маъдан мавҷуд аст. Аз он 95%-ро титаномагнетит, 3%-фосфор, 2%-ро сирконий, 0,22%-ро торий ва 0,17%-ро уран ташкил медиҳад.

Порлумони Қирғизистон 2 майи соли 2019 дар пайи эътирози сокинон ба қарори ҳукумат дар бораи тасмими истихроҷи уран дар кони Қизил-Омполи вилояти Иссиқкӯл истихроҷи уранро дар он кишвар манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG