Ссылки доступа

Дар Қирғизистон беш аз 400 донишҷӯйи хориҷиро аз кор ронданд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, фаъолияти беш аз 400 донишҷӯйи хориҷӣ, ки дар ширкатҳои дастраскунанда кор мекарданд, барои нақзи қонунгузории кишвар қатъ карда шудааст.

Маъмурони пулис қонуншикании шаҳрвандони хориҷиро дар ҷараёни чорабиниҳои пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ ва амалиёти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ошкор кардаанд.

"Ҳамчунин бо раҳбарони ширкатҳои дастраскунанда дар робита ба риояи қонунгузории Қирғизистон оид ба муҳоҷирати хориҷӣ суҳбат анҷом дода шуд", - афзудааст манбаъ.

Пулиси Қирғизистон аз 12 апрел ҷамъан нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳри Бишкек ғайриқонунӣ кор мекарданд, 225 санад тартиб дода шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ахиран пешниҳод кард, ки ҷазо барои нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар сангинтар карда шавад.

Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодии вазорат гуфта шудааст, ки барои саркашӣ аз тарк кардани Қирғизистон, надоштани иҷозатномаи зист ё истифодаи иҷозатномае, ки муҳалаташ сипарӣ шудааст, то 20000 сом ҷарима таъйин шавад.

XS
SM
MD
LG