Онҳо дар ташкили ҷамъомади бидуни иҷозат гунаҳкор дониста шудаанд.
Худи фаъолони мадании қазоқ ин иттиҳомро рад карданд. Онҳо мегӯянд, дар иқдоми эътирозӣ иштирок доштанд, вале онро ташкил накардаанд.
Мурофиаи маҳкумшудаҳо дирӯз баргузор шуд. Намояндагони "Feminita" санадҳои тартибдодаи маъмурони пулис ташкили иқдоми эътирозӣ аз ҷониби гумонбаронро исбот накарданд.
Як гуруҳ аз фаъолони Алмато баъди эъломи ҳукми вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон Куандик Бишимбоев, ки дар куштори бераҳмонаи ҳамсараш муттаҳам мешуд, ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд. Эътирозгарон талаб карданд, ки Бишимбоев ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда шавад.
Додгоҳ вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистонро 24 сол зиндонӣ кардааст.