Муфаттиш Адилет Айдарбаев мегӯяд, далеле вуҷуд надорад, ки мавриди меҳтарсолорӣ қарор гирифтани Сапархон Кауинбойро собит кунад.
Дар фармондеҳии минтақавии "Ҷануб"-и Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфтанд, даст ба қонуншиканӣ задани сарбозон "тасдиқи худро наёфт".
Аммо ба гуфтаи падари сарбоз Ғанӣ Алтаев, тафтишот беғаразона анҷом нашудааст. Ӯ гуфт, ду ташхиси судӣ-тиббӣ осори латтукӯб дар сари писарашро тасдиқ кард.
Сарбози қисми низомии "3660" моҳи декабри соли гузашта дар шикояти худ гуфта буд, ки ҳамхидматонаш аз ӯ пул талаб мекунанд, ба сараш мезананд ва маҷбур мекунанд, ки ба онҳо либос харад. Вай номи чанд сарбозеро зикр карда буд, ки дар қисми низомии мазкур хидмат мекунанд.