Вай дар "Даъват ба сарпечӣ аз талаби қонунии намояндаи давлат ва бетартибии оммавӣ" айбдор дониста шуд.
Қаблан Шакир дар додгоҳ гуфта буд, ки парванди вай беасос аст ва бо айбҳои зиддаш эъломшуда розӣ нест.
Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон пештар дар шарҳи боздошти Олжобой Шакир гуфта буд, ки дар саҳифаҳои нависанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ "маводи дорои хусусияти иғвогарона" пайдо шудааст.
Нурбек Токтакунов, вакили мудофеи Шакир айби нисбати нафари таҳти ҳимояташ эъломшударо ҳазён номида буд.
Шакири 52-сола аз амалҳои мақомот интиқод мекунад. Вай пешниҳод дошт, ки рӯзи 31 август зидди амалҳои ғайриқонунии мақомот гирдиҳамоӣ ташкил шавад.