Дар додгоҳ гуфтанд, Мирзахметов аз моҳи май то октябри соли 2022 шаҳрванд Б.-ро фиреб додааст, ки бар ивази маблағ метавонад парванда алайҳи бародарашро қатъ ва ӯро озод кунад.
Ҳаминтариқ гӯиё ӯ "бо роҳи қаллобӣ ба номи Б. шартномаи қарзиро расман сабт карда, 13,9 миллиард тангаашро аз худ кардааст".
Ба иддаои муфаттишон, Мирзахметов пулҳои соҳибкор Талгат Боронбоев, бародари Кайрат Боронбоевро аз худ кардааст.
Парвандаи Мирзахметов пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.
Аблай Мирзахметов аз соли 2013 то моҳи феврали соли 2022 Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистонро роҳбарӣ кардааст.