Ссылки доступа

Дар Қазоқистон тақрибан ними беҷошудаҳо ба хонаҳои худ баргаштаанд


Ҳукумати ноҳияи Махамбети Қазоқистон рӯзи сешанбе хабар дод, ки дасти кам 146 кас, аз ҷумла 91 кудак ва 3 зани ҳомила дар пайи обхезиҳои ахир аз деҳаи Талдиколи вилояти Атирау ба ҷойи бехавф интиқол дода шудааст.

Манбаъ гуфта, ки интиқоли сокинони дигари деҳа ба ҷойҳои бехавф идома дорад. Сатҳи обдар рӯдхонаи Жайик, ки аз ҳудуди деҳаи мазкур мегузарад, баланд шудааст.

Муовини сарвазири Қазоқистон Канат Бозумбоев имрӯз дар ҷаласаи ҳукуматӣ хабар додааст, ки дар натиҷаи обхезиҳои ахир дар ин кишвар ҷамъан беш аз 119 ҳазор кас ба ҷойҳои бехавф интиқол дода шудааст ва 44 ҳазори онҳо кудаконанд.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз 55,6 ҳазори беҷошудаҳо ба хонаҳои худ баргаштаанд. Ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванд дар марказҳои муваққатӣ ҷойгир шуда, беш аз 58 ҳазори дигар дар хонаҳои хешонашон ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG