Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, кормандони зиндони рақами 62 ва қисми низомии "6505"-и Горди миллии Қазоқистон дар зиндони шаҳри Жезқазғони вилояти Улитав бо маҳбусон “муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ дошта, онҳоро таҳқиру шиканҷа мекардаанд.
Ба гуфтаи додситон, ҳолатҳои таҷовуз шудани маҳбусон низ ҷой дорад. Дар курсии айбдорӣ 7 корманди зиндон ва 4 низомӣ нишастааст.
Гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Парвандаи онҳо 26 март ба додгоҳ ирсол шуда буд.
Қонунгузории Қазоқистон барои шиканҷа аз 4 то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.