Ссылки доступа

Вазири собиқ ба гуноҳи куштани ҳамсараш 24 сол зиндонӣ шуд


Қуандиқ Бишимбоев
Қуандиқ Бишимбоев

Қуандиқ Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон, ба ҷурми куштани ҳамсараш Салтанат Нукенова 24 сол зиндонӣ шуд.

Ҳукмро рӯзи 13-уми май содир карданд.

Додрас гуфт, вазири собиқ ба “куштор бо бераҳмии махсус” ва “шиканҷа” гунаҳкор дониста шуд.

Бишимбоев рӯзи 6-уми май ва дар сухани охирини худ аз мушовирони халқӣ хост, ки ба қазия "воқеъбинона ва беғаразона" баҳо диҳанд. Вай гуфт, худро гунаҳкор меҳисобад, вале на дар куштор.

Ба гуфтаи ӯ, муфаттишон гуё ба фишорҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дода шуданд ва тафтишот бо тамоюли айбдоркунӣ анҷом шудааст.

Ҳамагӣ чанд соат пеш аз эълони ҳукм Амонкелдӣ Нукенов, падари Салтанат Нукенова, ба рӯзноманигорон гуфт, домодаш бояд ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад. Вай гуфт, агар Қуандиқ Бишимбоев ба ҳабси якумрӣ маҳкум нашавад, қарори додгоҳ ғайриодилона хоҳад буд.

Вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистонро 11-уми ноябри соли 2023 ба гумони қатли ҳамсараш ба ҳабс гирифтанд.

Ӯ ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мансаби вазирӣ расид.

XS
SM
MD
LG