Ссылки доступа

Таҳқиқ: Миллионҳо доллар фоидаи як ширкати вобаста ба оилаи президенти Узбекистон


Мақомоти Узбекистон бо гузашти беш аз ду ҳафта ҳанӯз ҳам ба таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ, ки даҳҳо миллион зиёни расондаи як ширкати вобаста ба оилаи президенти Узбекистонро ба буҷаи давлат ошкор карда буд, вокуниш накардаанд.

Видеои таҳқиқотро дар шабакаи YouTube беш аз як миллион нафар тамошо кардааст ва зери онҳо ҳазорҳо кас шарҳ гузоштаанд.

Дар таҳқиқи бахши узбекии Радиои Озодӣ сухан дар бораи ширкати "Ultimo Group Limited" меравад. Ин ширкат аз ҳисоби интиқоли гази табиӣ барои хешовандони Шавкат Мирзиёев ва бозигарони дигар фоида овардааст.

Соли 2023, дар пайи моҷарои камбуди газ барои аҳолии Узбекистон, Мирзиёев ба мақомоти кишвараш дастур дод, ки фасодро дар соҳаи маводи сӯхт ва энержӣ аз байн бибаранд. Ӯ чанд дафъаи дигар таъмини шаффофиятро дар ин бахшҳо тақозо кард.

Узбекистон бо 36 миллион аҳолиаш як кишвари ғанӣ аз газ ба шумор меравад. Аз ин пеш, соли 2019, Шавкат Мирзиёев бо ишора ба даврони ҳукмронии Ислом Каримов гуфта буд, ки "касе ҳақ надорад имрӯз ба мисли гузашта кор кунад... Пинҳонкорӣ, ношаффофӣ, коррупсия, хешутаборбозӣ ба кор кумак намекунанд."

Вале таҳқиқи хабарнигорони "Озодлик", бахши узбекии Радиои Озодӣ, маълум кард, ки шарикони як домоди Шавкат Мирзиёев бо ширкати Ultimo Group Limited пайванд доранд. Маҳз ҳамин ширкат чанд сол пеш барандаи қарордоди таъмини газ бо нархи гаронтарин ба ширкати калонтарини истеҳсоли семент дар Узбекистон будааст. Дар ҳоле ки дар гузашта бо чунин кор машғул нашуда, таҷриба надорад.

Бар асоси санадҳое, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, ба ҳисобҳои бонкии Ultimo Group Limited барои содироти қариб 1 миллиард метри мукааб газ корхонаи давлатии "Узтрансгаз" зиёда аз 66 миллион доллар гузарондааст. Қисми зиёди ин газро аз Туркманистон овардаанд.

Кори Ultimo Group Limited бино ба як нақшаи бисёр печидаи иртиботи миёни чанд ширкати хориҷӣ – аз Ню-Йорк гирифта то Дубай ва Ҳонгконг – ба роҳ монда шудааст. Ин ширкатҳо асосан бо тиҷорат ва хадамоти маҳсулоти дараҷаи як машғуланд. Мудирони ин шабака шарикони Отабек Умаров – домоди Шавкат Мирзиёев – мебошанд. Отабек Умаров дар соли 2007 бо Шаҳноза Мирзиёева издивоҷ кардааст. Вай як ходими соҳаи варзиш ва муовини раиси Хадамоти амнияти давлатист.

Дар ин силсилаи ширкатҳо шахси марказӣ Азизҷон Комилов аст. Вай президенти Федератсияи ҷудо, муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон ва фарди наздик ба Отабек Умаров мебошад.

Таҳқиқоти пешини Радиои Озодӣ собит карда буд, ки шахсони наздик ба Умаров, аз ҷумла як бародари ӯ, бо мадади ҳукумати Мирзиёев ва тавассути сохторҳои печидаи тиҷоратӣ пулҳои ҳангуфте ҷамъ карда тавонистаанд.

Отабек Умаровро дар Узбекистон як шахси калидӣ, аммо паси парда дар миёни элитаи сиёсиву иқтисодии ҳукумат меноманд. Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ (Transparency International) дар як таҳқиқаш гуфтааст, “Узбекистон бо мизони баланди фасод, хешутаборбозӣ ва суистифода аз қудрат як кишвари худкома мемонад”. Ин созмон ҳамзамон мегӯяд, дар давраи Мирзиёев “дар роҳандозии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ пешрафти муайяне ҳосил шудааст”.

Умаров аз рӯйи вазифааш мансабдори сатҳи миёна ба ҳисоб меравад, вале солҳои охир як шахсияти шинохта шудааст: ӯ бо меҳмонҳои баландпояву шайхони араб мулоқот карда, худро ба ҳайси пуштибони варзиш дар Узбекистон намоиш медиҳад. Як далелаш пеш бурдани бренди 7Saber аст, ки ба Умаров рабт дорад ва он дар либоси варзишгарони олимпии Узбекистон рӯшан дида мешавад. Ин рамз аз соли 2021 ба чархиш даромад ва ширкатро ба таври мустақим бо гурӯҳи Ultimo Group мепайвандад. Се сол пеш ин ширкат ногаҳон ба як миёнрави қарордодҳои газии Узбекистон табдил шуд.

Аммо маъруфияти ногаҳонии ин ширкат ҳадди ақал аз як ҷиҳат аҷиб ба назар мерасад: бо ин ҳама дастовардҳои молиаш на сомонаи фаъол дорад ва на ҳузури иҷтимоӣ. Як ҳаммолики он дар ҳоли ҳозир зани бознишастаест, ки ҳеч гоҳ ба соҳибкорӣ машғул нашудааст.

Муаллифони таҳқиқоти Радиои Озодӣ барои маълум кардани ин ки ширкат чӣ гуна ба созишномаи бисёрмиллионии газӣ даст ёфт, ба Отабек Умаров, Ultimo Group ва чанд идораву корхонаи давлатии Узбекистон муроҷиат карда, вале ҷавоб нагирифтанд. То лаҳзаи нашри гузориш посухе ба даст наомад. Муроҷиати хатӣ ба маъмурияти Шавкат Мирзиёев ҳамчунин бепосух монд.

XS
SM
MD
LG