Ваколатдори ҳуқуқи кудак дар Узбекистон хабар додааст, ки ҳодиса 27 марти имсол рух додааст.
Модари кудак ба мақомоти умури дохилӣ шикоят кардааст, ки марди нафақахӯр духтарчаи ӯ, соли таваллудаш 2017-ро озори ҷинсӣ додааст. Ба гуфтаи зан, гумонбар кудакро, ки ҳамроҳи ҳамсолонаш бозӣ мекард, фиреб дода, ба мошинаш савор кардаааст ва нисбат ба ӯ “ҳаракатҳои бадахлоқона” анҷом додааст.
Дар аввал зидди мард бо гумони анҷоми “Ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба шахси ноболиғ” парванда боз шуда буд. Вале 1 май банди парвандаи ӯ ба “Зуран қонеъ кардани хоҳиши шаҳвонӣ дар шакли ғайритабиӣ” иваз карда шудааст.
Гумонбар ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуда, ба вай аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.