- Чаро дар Хатлон шифохонаи хоси кӯдакон нест? Дар Хатлон, ки сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон аст, шифохонаи махсус барои кӯдакон нест. Волидоне, ки бачаҳояшон бемор мешаванд, шикоят мекунанд, ки як шуъбаи кӯдакона дар шифохонаи вилоятӣ барои аҳолии чанд миллионнафарӣ кофӣ нест ва бояд барои муолиҷаи тифлон шифохонаи бузургтаре бунёд шавад. (видео)
- Ҳуҷуми малах ба заминҳои кишоварзии Хатлон. Дар ҳамин ҳол дар вилояти Хатлон кишоварзони зиёде аз дасти малах ба дод омадаанд. Онҳо мегӯянд, агар мақомот дар маҳви ин ҳашароти зиёновар ба онҳо кӯмак накунад, ҳазорон хонавода аз ҳосили зироаташон маҳрум ва фақиру бенаво мешаванд. (видео)
- Раҳпаймоии Полки абадӣ дар Душанбе камранг шуд. Рӯзи 9-уми май дар Душанбе пирӯзиро бар Олмони фашистӣ таҷлил карданд. Аммо яке аз ҷузъҳои ин ҷашн, ки қаблан бо шукуҳу ҳузури мардуми зиёд баргузор мешуд, мисли солҳои пешин набуд. Раҳпаймоии Полки ҷовидон имсол фақат 10-20 нафар дошт. Чаро? (гулчин)
- Ба садҳо муҳоҷир дар Петербург патент надоданд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, мақомоти рус ба шаҳрвандони кишварҳои дигар патент медиҳанд, вале бе ҳеч далел дархости шаҳрвандони Тоҷикистон рад мешавад (видео)
- Дар Варзоб мардеро меҷӯянд, ки ҳангоми сел нопадид шуд. Дар пайи борони шадиду омадани сел дар Варзоб як сокини ноҳия бо чорвояш нопадид шудааст. Пайвандони ин чӯпон мегӯянд, чанд рӯз боз ӯро ҷустуҷӯ доранд, аммо бенатиҷа. Онҳо аз кори мақомот ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз бетаваҷҷӯҳии мардум ба ҳушдорҳо аз хатари селу обхезӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. (видео)
- "Ба писарам насиҳат мекардам, ба роҳи рост рав". Волидони Ҷумъахон Қурбонови 21-сола аз ноҳияи Фархор, ки дар пайванд ба ҳамла дар Маскав дастгир шудааст, мегӯянд, аз сарнавишти фарзандашон хабар надоранд (видео)
- Муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд. Манъу маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия идома дорад. Дар вилояти Курск ҳам муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд. Волии вилоят гуфтааст, 82 дар сади мардум хостаанд, муҳоҷирон ронандаи таксӣ набошанд. (видео)
- Сел ду зану як пирамарди тоҷикро кушт. Бедодгарии табиат дар чандин шаҳру минтақаи Тоҷикистон аз дирӯз идома дорад. Бино ба иттилои расмӣ дар пайи борону сел се нафар, аз ҷумла як зани 20 сола дар Суғд фавтидааст (видео)