Ин гуфтугӯҳо дар Алмато дар пасманзари эътирозҳои оммавӣ зидди имзои созишномаи сулҳ дар шаҳри Ереван баргузор мешаванд.
Вазири корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян 10 май гуфт, кишвараш на танҳо ба имзои созишномаи сулҳ, балки барои боз кардани масирҳои нақлиётӣ низ омодааст.
Мирзиян ва ҳамтои озарияш Ҷайҳун Байрам бори охир дар робита ба имзои созишнома моҳи феврали имсол дар шаҳри Берлин мулоқот карда буданд.
Ереван ва Боку дар мавриди протоколе, ки рӯзи 19 апрел имзо шуда буд, пешакӣ ба мувофиқа расиданд. Бар асоси он, Арманистон назорати чаҳор деҳаи аз соли 1990 дар зери назорати Ереван бударо дар ихтиёри Озарбойҷон вогузор мекунад. Пашинян гуфт, гузаштҳои якҷониба барои ҷилавгирӣ аз таҷовузи низомии Озарбойҷон алайҳи Арманистон зарур аст.
Раҳпаймоии рӯзи 9-уми май таҳти сарварии Галстанян даҳҳо ҳазор нафарро гирдиҳам овард ва баъди ин эътирозҳо идома пайдо кард.
Вакилони мухолиф ваъда доданд, ки мавзӯи эълони адами боварӣ ба нахуствазири Арманистон Никол Пашинянро дар порлумон матраҳ мекунанд.