Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон видеои баҳсбарангез дар бораи тилоро шарҳ дод


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо хабаргузории миллии “Кабар” видеои баҳсбарангези нашршуда дар бораи тилоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ дод.

Ҷабборов гуфтааст, дар ҳама конҳои тиллои давлатии Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб шудааст, ки ҳамаи онҳо ба шабакаи ягона пайваст мебошанд ва дуздидани тило аз конҳо ғайриимкон аст.

Ӯ видеои нашршуда дар Интернетро сохта номида, аз ҷомеаи Қирғизистон даъват кардааст, ки ба он бовар накунанд.

Фаъоли мадании қирғиз Асхат Осмонов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, шаби 7 май ду видеоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки баҳсбарангез шуданд.

Дар видеоҳо дида мешавад, дар қуттии махсус тило ҷойгир карда шудааст ва шахсе, ки бо забони қирғизӣ-русӣ суҳбат мекунад, онҳоро дар хориҷ дастрас карда, ба касе ҳисобот медиҳад.

XS
SM
MD
LG