Оҷонси омори Узбекистон хабар додааст, ки ҳаҷми умумии сармояҳои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти имсол дар он кишвар ҳудуди $8,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, 23 дарсади ин сармояҳо ба Чин, 13,8 дарсад ба Русия ва 8,5 дарсад ба Туркия тааллуқ доранд. Арабистони Саудӣ 7,2 дарсад, АМА 4,8 дарсад ва Олмон 3,8 дарсади дигарро дар Узбекистон сармоягузорӣ кардаанд.
Чин соли гузашта низ дар садри ин рӯйхат қарор дошт. Оҷонси омори Узбекистон гуфта буд, ки соли 2023 ба ин кишвар ҷамъан 28,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шуда, 25,6 дарсади ин маблағро Чин сармоягузорӣ кардааст.