"Ба назари мо, ҷонибдории густарда ва садҳо ҳазор имзо ба ҳукумати Қирғизистон нишон хоҳад дод, ки таъқиби интиқодкунандагони мақомот нодида гирифта намешавад ва мақомоти ин кишварро водор месозад, ки сиёсати таъқибгароёнаи худро тағйир диҳанд", - омадааст дар изҳороти созмон.
Пажуҳишгари созмон дар умури Осиёи Марказӣ Мейзи Вайхердинг афзудааст, ки мақомоти Қирғизистон бояд назари ҷомеаи байналмилалиро дар робита ба "парвандаи Кампиробод" ва парвандаҳои дигаре, ки ангезаи сиёсӣ доранд, ба назар гиранд.
Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шарҳи боздошти гумонбарон гуфта буд, "онҳо мардумро ба шӯр” оварда, талош карданд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.